qr

Китоби Тоҷикон Б.Ғафуров китоби1 APK

Taarihi қadimtarini қadim asrҳoi myena wa davrai nav

Version2.0 (2)
UpdatedApr 05, 2020 (6 months ago)
Developerтamaddun
CategoryApps, Tools
IDcom.zardakov.ahlidin.tojikonbgqimi1
Installs1,000+

Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати
ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ
тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури
муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти
Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад.
Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум
таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум
аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд.
Маълумоти мухтасари манбаъҳои таърихӣ, рӯйхати адабиёт ва маъхазҳои иқтибосшуда, феҳристи номҳои тамоми асар дар охири китоби дувум оварда мешавад.
Чун дар ин ҷо номи асарҳо ба сурати мукаммал зикр ёфтаанд, дар поварақ фақат ба
ихтисораи онҳо ишора хоҳад шуд.
Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои
таърихи халқи тоҷик накӯшидааст. Асли мақсади вай воқеа ва ҳодисаҳои асосии
таърихиро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ
пайвастан аст


Email: ahlidinzardakov@gmail.com

See more
See more